Surah Yunus Verse 31 - Tajik Translation by Www.islamhouse.com
Surah Yunusقُلۡ مَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أَمَّن يَمۡلِكُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَمَن يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۚ فَسَيَقُولُونَ ٱللَّهُۚ فَقُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ мебахшад? Ё кист, ки бар гӯшҳо ва дидагон ҳоким аст? Ва кист, ки [мавҷуди] зиндаро аз [модаи] беҷон берун меоварад ва [модаи] беҷони мурдаро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад? Ва кист, ки кори [ҷаҳону ҷаҳониён]-ро тадбир мекунад»? Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ таоло». Пас, бигӯ: «Оё парво намекунед»