Surah Al-Falaq - Tajik Translation by Khoja Mirov
قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلۡفَلَقِ
Бигӯ эй Расул: «Ба Парвардигори субҳгоҳ паноҳ мебарам
Surah Al-Falaq, Verse 1
مِن شَرِّ مَا خَلَقَ
аз шарри он чӣ биёфаридааст
Surah Al-Falaq, Verse 2
وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ
ва аз шарри шаб, чун дарояд ва торик шавад
Surah Al-Falaq, Verse 3
وَمِن شَرِّ ٱلنَّفَّـٰثَٰتِ فِي ٱلۡعُقَدِ
ва аз шарри ҷодугарзанҳое, ки дар гиреҳҳо афсун медаманд
Surah Al-Falaq, Verse 4
وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ
ва аз шарри ҳасуд, ки мардумонро бадбинандааст ва бар неъматҳое, ки ба бандааш додааст чун ҳасад мекунад, то ки аз байн раванд ва ба азият гирифтор шаванд»
Surah Al-Falaq, Verse 5