Surah Ar-Rad Verse 33 - Tajik Translation by Www.islamhouse.com
Surah Ar-Radأَفَمَنۡ هُوَ قَآئِمٌ عَلَىٰ كُلِّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡۗ وَجَعَلُواْ لِلَّهِ شُرَكَآءَ قُلۡ سَمُّوهُمۡۚ أَمۡ تُنَبِّـُٔونَهُۥ بِمَا لَا يَعۡلَمُ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَم بِظَٰهِرٖ مِّنَ ٱلۡقَوۡلِۗ بَلۡ زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ مَكۡرُهُمۡ وَصُدُّواْ عَنِ ٱلسَّبِيلِۗ وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِنۡ هَادٖ
Оё он [Парвардигоре], ки ҳоким бар ҳар кас ва [нозир бар] рафтору кирдори ӯст, [ба парастиш сазовортар аст ё бутҳои беҷон]? Ва [кофирон] барои Аллоҳ таоло шариконе қарор додаанд. Бигӯ: «Ононро ном баред». Оё [мехоҳед ба] ӯ дар бораи он чи дар замин аст ва ӯ намедонад хабар диҳед, ё фақат сухани сатҳие ва [беасос] мегӯед? [Чунин нест] балки барои касоне, ки куфр варзидаанд, найрангашон ороста шудааст ва аз роҳи [ҳақ] боздошта шудаанд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ гузорад, ҳидоятгаре нахоҳад дошт