Surah Ibrahim Verse 27 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Ibrahimيُثَبِّتُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱلۡقَوۡلِ ٱلثَّابِتِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَيُضِلُّ ٱللَّهُ ٱلظَّـٰلِمِينَۚ وَيَفۡعَلُ ٱللَّهُ مَا يَشَآءُ
Аллоҳ мӯъминонро дар зиндагонии дунё ба сабаби эътиқоди мустаҳкамашон, ки он гувоҳӣ доданашон ба калимаи "Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадан расулуллоҳ" аст ва дар охират (яъне, дар қабр ба ҷавоб додани суоли Накиру Мункар) устувор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад дар дунёву охират ва Аллоҳ ҳар чӣ хоҳад, ҳамонро мекунад