Surah An-Nahl Verse 35 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah An-Nahlوَقَالَ ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ لَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا عَبَدۡنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءٖ نَّحۡنُ وَلَآ ءَابَآؤُنَا وَلَا حَرَّمۡنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءٖۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ فَهَلۡ عَلَى ٱلرُّسُلِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ
Мушрикон аз рӯи истеҳзо ва тамасхӯр гуфтанд: «Агар Аллоҳ мехост, мову падаронамон ғайр аз Аллоҳ ҳеҷ чизеро намепарастидем ва он чиро ҳаром кардаем, ҳаром намекардем». Мардуме ҳам, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд (ва бо ин гуна баҳонаҳо ва ҳаром гардонидани чизҳо мақсадашон қабул накардани ҳақ буд, вале худашон медонистанд, ки ин дар назди Аллоҳ ҳуҷҷат намешавад.) Бар паёмбарон ҷуз таблиғи ошкоро вазифаи дигаре нест