Surah Al-Baqara Verse 140 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraأَمۡ تَقُولُونَ إِنَّ إِبۡرَٰهِـۧمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطَ كَانُواْ هُودًا أَوۡ نَصَٰرَىٰۗ قُلۡ ءَأَنتُمۡ أَعۡلَمُ أَمِ ٱللَّهُۗ وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن كَتَمَ شَهَٰدَةً عِندَهُۥ مِنَ ٱللَّهِۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ
Оё мегӯед, ки Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони ӯ бар дини яҳудӣ ё насронӣ буданд? (Ин дурӯғи маҳз аст, зеро ки онҳо қабл аз нузули Таврот ва Инҷил ба паёмбарй мабъус шуда буданд ва аз дунё гузашта буданд). Эй Паёмбар, барояшон бигӯ: «Оё шумо донотаред аз дини онҳо ё Аллоҳ? Ба дурустӣ, ки дар Қуръон хабар дода шуда буд, ки онҳо мусалмонони пок аз ширк буданд. Кист ситамгартар аз касе, ки гувоҳиеро, ки аз ҷониби Аллоҳ наздаш аст, бипӯшад!? Ва Аллоҳ аз он чи ки мекунед, бехабар нест, балки ҳисобгиранда ва ҷазодиҳандаи амалҳост