Surah Al-Baqara Verse 142 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqara۞سَيَقُولُ ٱلسُّفَهَآءُ مِنَ ٱلنَّاسِ مَا وَلَّىٰهُمۡ عَن قِبۡلَتِهِمُ ٱلَّتِي كَانُواْ عَلَيۡهَاۚ قُل لِّلَّهِ ٱلۡمَشۡرِقُ وَٱلۡمَغۡرِبُۚ يَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
Мардумони бехирад аз яҳуду насрониён ва аҳли нифоқ онон, ки ақлашон заиф аст, тамасхурона хоҳанд гуфт: «чӣ чиз онҳоро аз қиблае, ки рӯ ба рӯи он меистоданд, баргардонид?» Эй Расул, ба онҳо бигӯ: «Машриқу Мағриб ва мобайни он мулки Аллоҳ аст ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!». (Танбеҳ: Ҳама чиз мулки Аллоҳ аст, ҳатто ҳамаи ҷиҳат ва атроф аз мулки Ӯ хориҷ нест ва дар ҳама ҳол ба ҷо овардани амри Аллоҳ лозим аст. Пас ба кадом тараф амр намояд, ба ҳамон тараф рӯ меорем)