Surah Al-Baqara Verse 144 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraقَدۡ نَرَىٰ تَقَلُّبَ وَجۡهِكَ فِي ٱلسَّمَآءِۖ فَلَنُوَلِّيَنَّكَ قِبۡلَةٗ تَرۡضَىٰهَاۚ فَوَلِّ وَجۡهَكَ شَطۡرَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۚ وَحَيۡثُ مَا كُنتُمۡ فَوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ شَطۡرَهُۥۗ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ لَيَعۡلَمُونَ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّهِمۡۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا يَعۡمَلُونَ
Эй Паёмбар, Мо чашм дӯхтан ва нигоҳ кардани туро ба тамоми ҷиҳатҳои осмон мебинем, ки бо шавқ дар интизори он ҳастӣ, ки ваҳй нозил шавад. Пас албатта туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ. Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, эй мусалмонон чун иродаи намоз кардед, рӯй ба он ҷониб кунед. Аҳли китоб медонанд, ки гардонидани қибла ба сӯи Каъба ҳақ аст ва дар китобашон собит аст. Ва Аллоҳ аз он чӣ мекунанд, бехабар нест