Surah Al-Baqara Verse 150 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraوَمِنۡ حَيۡثُ خَرَجۡتَ فَوَلِّ وَجۡهَكَ شَطۡرَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۚ وَحَيۡثُ مَا كُنتُمۡ فَوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ شَطۡرَهُۥ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَيۡكُمۡ حُجَّةٌ إِلَّا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡهُمۡ فَلَا تَخۡشَوۡهُمۡ وَٱخۡشَوۡنِي وَلِأُتِمَّ نِعۡمَتِي عَلَيۡكُمۡ وَلَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ
Ва аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, эй Паёмбар, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, эй мусалмонон, шумо низ рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кунед, то ҳеҷ касро, ҷуз ситамкорон, бо шумо баҳсу муҷодалае набошад. Баъд аз рӯй оварданатон ба сӯи Масҷидулҳаром аҳли зулм ва саркашони онон ҳамеша бо шумо баҳсу муҷодала кунанд, аз онҳо натарсед, аз ман битарсед то неъмати хеш бар шумо комил кунам ва бошад, ки шумо ба сӯи ҳақ роҳ биёбед