Surah Al-Baqara Verse 155 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraوَلَنَبۡلُوَنَّكُم بِشَيۡءٖ مِّنَ ٱلۡخَوۡفِ وَٱلۡجُوعِ وَنَقۡصٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَنفُسِ وَٱلثَّمَرَٰتِۗ وَبَشِّرِ ٱلصَّـٰبِرِينَ
Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагӣ ва нуқсони молҳо ки ба душворӣ ба даст оварда мешавад, ё аз даст меравад ва ҷонҳо; ба фаро расидани марг, ё қатл ва кам шудани меваҳо меозмоем. Ва, эй Паёмбар, сабркунандагонро хабари хуш деҳ, ки ба сабаби сабрашон дар дунёву охират шоду хуррам мегарданд