Surah Al-Baqara Verse 189 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqara۞يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡأَهِلَّةِۖ قُلۡ هِيَ مَوَٰقِيتُ لِلنَّاسِ وَٱلۡحَجِّۗ وَلَيۡسَ ٱلۡبِرُّ بِأَن تَأۡتُواْ ٱلۡبُيُوتَ مِن ظُهُورِهَا وَلَٰكِنَّ ٱلۡبِرَّ مَنِ ٱتَّقَىٰۗ وَأۡتُواْ ٱلۡبُيُوتَ مِنۡ أَبۡوَٰبِهَاۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ
Аз ту, эй Паёмбар, дар бораи ҳилолҳои моҳ мепурсанд, бигӯ: Аллоҳ онро нишона гардондаст барои донистани мардум вақтҳои ибодати худро, ба монанди расидани вақти рӯза ва ҳаҷ ва муомилоташон. Ва накӯкорӣ он нест, ки аз пушт ба хонаҳо дароед, вале накӯкорӣ роҳи касонест, ки парҳезгор бошанд ва аз дарҳо ба хонаҳо дароянд. Бинобар ин Аллоҳ хабар дод, ки ин некӯкорӣ нест ва Аллоҳ ин корро машруъ накардааст. Балки некӯкорӣ он аст, ки аз Аллоҳ битарсад ва аз гуноҳ дур шавад. Ва дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед, то растагор шавед