Surah Al-Baqara Verse 194 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraٱلشَّهۡرُ ٱلۡحَرَامُ بِٱلشَّهۡرِ ٱلۡحَرَامِ وَٱلۡحُرُمَٰتُ قِصَاصٞۚ فَمَنِ ٱعۡتَدَىٰ عَلَيۡكُمۡ فَٱعۡتَدُواْ عَلَيۡهِ بِمِثۡلِ مَا ٱعۡتَدَىٰ عَلَيۡكُمۡۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلۡمُتَّقِينَ
Ҷангидани шумо, эй мӯъминон бо мушрикон дар моҳе, ки Аллоҳ ҷангиданро дар он ҳаром кардааст, ҷазоест барояшон дар он моҳ, яъне, ҳар чизе ки мавриди эҳтиром қарор гирад аз моҳи ҳаром, шаҳри ҳаром ва тамоми чизҳое, ки шариъат ба такрими он амр кардааст, пас ҳар кас ба ин муқаддасот ва муҳаррамот беҳурматӣ кунад, аз ӯ қасос гирифта мешавад. Бинобар ин касе дар моҳи ҳаром биҷангад, бо ӯ ҷанг хоҳад шуд. Ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Ӯ бо парҳезгорон аст