Surah Al-Baqara Verse 204 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraوَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُعۡجِبُكَ قَوۡلُهُۥ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَيُشۡهِدُ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا فِي قَلۡبِهِۦ وَهُوَ أَلَدُّ ٱلۡخِصَامِ
Баъзе аз мардум, (аз мунофиқон) касе ҳаст, ки сухани ӯ робита ба зиндагии ин дунёро дорад на охиратро, туро, эй Муҳаммад, дар тааҷҷуб меорад ва ӯ бо қасами худ баён медорад. Бар он чи дар дилаш аз муҳаббати ислом ва Аллоҳ ҳаст, гувоҳ меорад. Балки ҷуръат карда бо сухани дурӯғ ба Аллоҳ гувоҳии бар ҳақ медиҳад, ҳол он ки ӯ аз сахттарин душманони ислом ва мусалмонон аст