Surah Al-Baqara Verse 208 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraيَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱدۡخُلُواْ فِي ٱلسِّلۡمِ كَآفَّةٗ وَلَا تَتَّبِعُواْ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ إِنَّهُۥ لَكُمۡ عَدُوّٞ مُّبِينٞ
Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ, ки Парвардигори шумост ва ба Муҳаммад, ки паёмбари шумост ва ба ислом, ки дини шумост ҳамагон ба ислом дароед ва ба ҷамиъи аҳкоми Ӯ амал кунед ва чизеро аз он тарк макунед ва роҳҳоеро, ки дар он шайтон шуморо ба маъсият даъват менамояд, пайравӣ накунед, зеро ки ӯ душмани ошкори шумост, пас аз ӯ ҳазар кунед