Surah Al-Baqara Verse 247 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraوَقَالَ لَهُمۡ نَبِيُّهُمۡ إِنَّ ٱللَّهَ قَدۡ بَعَثَ لَكُمۡ طَالُوتَ مَلِكٗاۚ قَالُوٓاْ أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُ ٱلۡمُلۡكُ عَلَيۡنَا وَنَحۡنُ أَحَقُّ بِٱلۡمُلۡكِ مِنۡهُ وَلَمۡ يُؤۡتَ سَعَةٗ مِّنَ ٱلۡمَالِۚ قَالَ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰهُ عَلَيۡكُمۡ وَزَادَهُۥ بَسۡطَةٗ فِي ٱلۡعِلۡمِ وَٱلۡجِسۡمِۖ وَٱللَّهُ يُؤۡتِي مُلۡكَهُۥ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٞ
Ва паёмбарашон ба онҳо гуфт: "Ҳамоно Аллоҳ бинобар дархостатон Толутро ба подшоҳии шумо фиристодааст, то дар ҷанг шуморо дар муқобили душманатон роҳнамоӣ кунад". Гуфтанд: "Чи гуна ӯ фармонравоии мо бошад, дар ҳоле ки мо аз ӯ ба подшоҳӣ сазовортарем ва ба ӯ моли фаровоне дода нашудааст?". Паёмбарашон гуфт: "Ҳамон Аллоҳ ӯро бар шумо бартарӣ дода ва дар ҷисму дониш бар шумо бартарӣ бахшидааст ва Ӯ дар корҳои бандагонаш доност ва подшоҳии худро ба ҳар кас, ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ соҳиби фазлу неъмат ва ба ҳамаи корҳо доност ва аз Ӯ чизе пинҳон намемонад