Surah Al-Baqara Verse 249 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraفَلَمَّا فَصَلَ طَالُوتُ بِٱلۡجُنُودِ قَالَ إِنَّ ٱللَّهَ مُبۡتَلِيكُم بِنَهَرٖ فَمَن شَرِبَ مِنۡهُ فَلَيۡسَ مِنِّي وَمَن لَّمۡ يَطۡعَمۡهُ فَإِنَّهُۥ مِنِّيٓ إِلَّا مَنِ ٱغۡتَرَفَ غُرۡفَةَۢ بِيَدِهِۦۚ فَشَرِبُواْ مِنۡهُ إِلَّا قَلِيلٗا مِّنۡهُمۡۚ فَلَمَّا جَاوَزَهُۥ هُوَ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ قَالُواْ لَا طَاقَةَ لَنَا ٱلۡيَوۡمَ بِجَالُوتَ وَجُنُودِهِۦۚ قَالَ ٱلَّذِينَ يَظُنُّونَ أَنَّهُم مُّلَٰقُواْ ٱللَّهِ كَم مِّن فِئَةٖ قَلِيلَةٍ غَلَبَتۡ فِئَةٗ كَثِيرَةَۢ بِإِذۡنِ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ مَعَ ٱلصَّـٰبِرِينَ
Ва ҳангоме ки Толут бо лашкаронаш аз шаҳр берун омад, гуфт: "Ҳамоно Аллоҳ шуморо бо ҷӯе озмоиш мекунад, пас ҳар кас аз он ҷӯй бинӯшад аз ман нест ва ӯ осӣ аст, дар ҷиҳод ҳамроҳи ман тоқат карда наметавонад ва ҳар кас аз он нанӯшад, аз ман аст, зеро ӯ фармонбардори амри ман ва лаёқат ба ҷиҳод шуда метавонад, магар касе, ки кафе аз он бо дасти худ бардорад, иҷозат дода мешавад". Пас, вақте ки ба он ҷӯй расиданд, бесабрӣ карда ҳама об нӯшиданд, магар каме аз онҳо бар ташнагӣ ва гармӣ сабр карданд ва ба нӯшидани як каф об кифоят карданд. Ин ҳангом осиён аз ҷиҳод ақибнишинӣ карданд. Ва он гоҳ ки Толут ва касоне, ки имон оварда буданд, ҳамроҳи ӯ аз ҷӯй гузаштанд, ва гуфтанд: "Имрӯз моро ба муқобили Ҷолут ва лашкарҳои ӯ тавоноие нест аз сабаби бисёрии лашкари душман". Касоне, ки бовар доштанд, Аллоҳро мулоқот хоҳанд кард ва ба бародаронашон мегуфтанд: "Чи басо гурӯҳи андаке ба изни Аллоҳ бар гурӯҳи зиёде ғолиб шавад ва Аллоҳ бо сабркунандагон аст