Surah Al-Baqara Verse 262 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ لَا يُتۡبِعُونَ مَآ أَنفَقُواْ مَنّٗا وَلَآ أَذٗى لَّهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ
Онҳое, ки молҳои худро дар роҳи Аллоҳ ва дар дигар навъҳои хайр сарф мекунанд, пас аз хайри кардаашон бар касе миннат намекунанд ва неъматҳоро барнамешуморанд ва касеро бо забон ва кирдор озор намедиҳанд. Дар назди Парвардигорашон барояшон савоби бузургест. Ва дар охират бар онҳо тарс нест ва он чӣ аз дунё фавташон шуд, ғам нахоҳанд хӯрд