Surah Al-Baqara Verse 285 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraءَامَنَ ٱلرَّسُولُ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مِن رَّبِّهِۦ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَۚ كُلٌّ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَمَلَـٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّن رُّسُلِهِۦۚ وَقَالُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۖ غُفۡرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيۡكَ ٱلۡمَصِيرُ
Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба он чи аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуд имон овард ва мӯъминон низ; ҳама ба Аллоҳ (ки Ӯ Парвардигор ва сазовори ибодат ва Ӯро номҳо ва сифатҳоест, ки лоиқ ба зот ва бузургии Ӯ ҳастанд) ва Фариштагон ва китобҳо ва паёмбаронаш имон оварданд ва гуфтанд: байни ҳеҷ як паёмбарони Ӯ фарқ намегузорем ва гуфтанд: Шунидем каломатро ва итоъат кардем амратро. Парвардигоро! Омӯрзиши туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯи туст