Surah Al-Baqara Verse 3 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡغَيۡبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ
онон, ки имон меоваранд ба ғайб, ки ҳиссиёту ақлашон онро дарк намекунад, магар ба тариқи ваҳйе, ки Аллоҳ ба расулонаш мефиристад. (Имон ин калимаест, ки дарбар мегирад иқрор кардани ба Аллоҳ, малоикаҳо, китобҳо, расулон, рӯзи охират ва тақдири некӣ ва бадиро ва низ иқрор кардани бо забон ва амал кардан бо дил, забон ва ҷавореҳ аст) ва онон бинобар тасдиқашон ба ғайб намозро дар вақташ мувофиқи шариъати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам адо менамоянд ва аз он чи рӯзияшон додаем, нафақа медиҳанд (нафақаи воҷибӣ; монанди закот, нафақаи зану фарзанд... ва нафақаи мустаҳабӣ; монанди ҳамаи корҳои хайр)