Surah Al-Baqara Verse 44 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqara۞أَتَأۡمُرُونَ ٱلنَّاسَ بِٱلۡبِرِّ وَتَنسَوۡنَ أَنفُسَكُمۡ وَأَنتُمۡ تَتۡلُونَ ٱلۡكِتَٰبَۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
чӣ бад аст ҳоли шумо ва ҳоли уламои шумо, вақте ки мардумро ба некӣ (яъне, тоъат) фармон медиҳед ва худро фаромӯш мекунед? Ва мардумро ба некии бузург амр намекунед, ки вай ислом аст ва ҳол он ки Тавротро мехонед, ки дар он имон овардан ба расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам амр шуда ва сифатҳояш зикр шудаанд. Оё ақлро кор намефармоед