Surah Al-Baqara Verse 62 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraإِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱلَّذِينَ هَادُواْ وَٱلنَّصَٰرَىٰ وَٱلصَّـٰبِـِٔينَ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَلَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ
Касоне, ки аз ин уммат имон овардаанд ба Аллоҳ ва расулаш ва амал кардаанд ба шариъати ӯ ва касоне, ки пеш аз биъсати Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз умматҳои пешина аз яҳудиён ва насрониён ва собиён, ки бар фитраташон боқӣ буданд ва ҳамагон холис ба Аллоҳ ва ба рӯзи ҷазо имон овардаанд ва кори шоистае кардаанд, Аллоҳ ба онҳо ҷазои нек медиҳад ва на бимнок мешаванд ва на ғамгин