Surah Al-Baqara Verse 67 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraوَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَأۡمُرُكُمۡ أَن تَذۡبَحُواْ بَقَرَةٗۖ قَالُوٓاْ أَتَتَّخِذُنَا هُزُوٗاۖ قَالَ أَعُوذُ بِٱللَّهِ أَنۡ أَكُونَ مِنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ
Эй бани Исроил, ҷинояти пешгузаштагони худ, саркашӣ ва ҷидолашон бо Мӯсо алайҳиссаломро ба ёд оред, ки он вақт Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Аллоҳ фармон медиҳад, ки говеро бикушед!» Худписандона гуфтанд: «Оё Моро масхара мекунӣ?» Гуфт: «Ба Аллоҳ паноҳ мебарам, ки аз нодонон (масхаракунандагон) бошам»