Surah Al-Baqara Verse 73 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraفَقُلۡنَا ٱضۡرِبُوهُ بِبَعۡضِهَاۚ كَذَٰلِكَ يُحۡيِ ٱللَّهُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَيُرِيكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ
Сипас гуфтем: «Порае аз он гови кушташуда бар он одами кушташуда бизанед. Аллоҳ ӯро зинда мегардонад ва аз кушандаи худ шуморо хабар медиҳад. Пас бо порае аз он гов мурдаро заданд ва Аллоҳ ӯро зинда гардонд ва ӯ кушандаи худро хабар дод. Аллоҳ мурдагонро инчунин рӯзи қиёмат зинда месозад ва нишонаҳои қудрати хешро инчунин ба шумо, эй бани Исроил, намоён мекунад, то ки ба ақли худ дарк кунед ва аз нофармонии Ӯ бозистед!»