Surah Al-Baqara Verse 93 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraوَإِذۡ أَخَذۡنَا مِيثَٰقَكُمۡ وَرَفَعۡنَا فَوۡقَكُمُ ٱلطُّورَ خُذُواْ مَآ ءَاتَيۡنَٰكُم بِقُوَّةٖ وَٱسۡمَعُواْۖ قَالُواْ سَمِعۡنَا وَعَصَيۡنَا وَأُشۡرِبُواْ فِي قُلُوبِهِمُ ٱلۡعِجۡلَ بِكُفۡرِهِمۡۚ قُلۡ بِئۡسَمَا يَأۡمُرُكُم بِهِۦٓ إِيمَٰنُكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ
Ва ба ёд оред, - эй бани Исроил, вақте ки бо шумо паймони сахт бастем, ки қабул намоед он чӣ ки Мӯсо аз Таврот овард, пас аҳдро шикастед. Ва Мо кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Ва бароятон гуфтем: Акнун он чиро, ки бароятон фиристодем, маҳкам бигиред ва устувор бошед ва каломи Аллоҳро бишнавед. Пас гуфтед: «Шунидем суханатро ва нофармонӣ кардем». Зеро бар асари куфрашон парастиши гусола (яъне, муҳаббати гусола) дар дилҳояшон ҷой гирифта буд. Бигу: «Агар ба он чӣ мегуед, имон дошта бошед, имонатон шуморо ба бадкорӣ амр мекунад!»