Surah Al-Ankaboot Verse 45 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Ankabootٱتۡلُ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَۖ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ تَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۗ وَلَذِكۡرُ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تَصۡنَعُونَ
Эй Паёмбар! Ҳар чиро аз ин китоби Қуръон бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ва намозро бо аркону шартҳояш бигзор, ки ҳароина, муҳофизат кардан бар намоз одамиро аз фаҳшову мункар бозмедорад ва дилаш мунаввар мешавад ва имонаш зиёд мегардад ва зикри Аллоҳ дар намоз ва ғайри намоз бузургтар ва афзалтар аст ва Аллоҳ ба корҳое, ки аз неку бад мекунед, огоҳ аст