Surah Aal-e-Imran Verse 137 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Aal-e-Imranقَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِكُمۡ سُنَنٞ فَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ
(Дар ин оят Аллоҳ ба мӯъминон аз сабаби он, ки дар ҷанги Уҳуд мусибате ба онон расида буд хитоби тасаллидиҳанда карда мегуяд:) Пеш аз шумо умматоне буданд, ки онон низ имтиҳон карда шуда буданд ба ҷанг бо кофирон ва ниҳоят пирӯз гаштанд, пас бар рӯи замин бигардед ва ба чашми ибрат бингаред поёни кори онҳое, ки паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат медоданд, чӣ будааст