Surah Aal-e-Imran Verse 153 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Aal-e-Imran۞إِذۡ تُصۡعِدُونَ وَلَا تَلۡوُۥنَ عَلَىٰٓ أَحَدٖ وَٱلرَّسُولُ يَدۡعُوكُمۡ فِيٓ أُخۡرَىٰكُمۡ فَأَثَٰبَكُمۡ غَمَّۢا بِغَمّٖ لِّكَيۡلَا تَحۡزَنُواْ عَلَىٰ مَا فَاتَكُمۡ وَلَا مَآ أَصَٰبَكُمۡۗ وَٱللَّهُ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ
Ба ёд оред эй мӯъминон, он гоҳ ки аз душманатон ба ҳар сӯ мегурехтед ва ба ҳеҷ касе нигоҳ намекардед ва Паёмбар аз пушт, шуморо садо мезад, ки назди ман оед эй бандагони Аллоҳ, аммо ба ӯ ҷавоб надодед. Пас Аллоҳ шуморо дар муқобили коратон ҷазо дод. Яъне, ғаме бар ғаматон афзуд, ғаме ба сабаби аз даст додани пирӯзӣ ва ғанимат ва ғаме ба сабаби шикаст хӯрданатон ва ғами дигар, ки ҳамаи ғамҳоро аз ёди шумо барад; (ва он, ин буд, ки хабари бардурӯғи кушта шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро шунидед.) Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст