Surah Aal-e-Imran Verse 170 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Aal-e-Imranفَرِحِينَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ وَيَسۡتَبۡشِرُونَ بِٱلَّذِينَ لَمۡ يَلۡحَقُواْ بِهِم مِّنۡ خَلۡفِهِمۡ أَلَّا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ
Ба он чи Аллоҳ аз фазл ва бахшиши худ ба онҳо додааст, шодмон ҳастанд ва бо он неъматҳо чашмонашон равшан шудааст ва шодмон ва хушҳол ҳастанд, чун он неъматҳо зебо ва фаровон ва бисёр лазиз ва гуворо ҳастанд. Ва якдигарро ба расидани бародароне, ки дар паи ононанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд башорат медиҳанд, ки онҳо ҳамон чизеро хоҳанд ёфт, ки онҳо ёфтаанд. Мужда медиҳанд, ки тарсе бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд