Surah Aal-e-Imran Verse 188 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Aal-e-Imranلَا تَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ يَفۡرَحُونَ بِمَآ أَتَواْ وَّيُحِبُّونَ أَن يُحۡمَدُواْ بِمَا لَمۡ يَفۡعَلُواْ فَلَا تَحۡسَبَنَّهُم بِمَفَازَةٖ مِّنَ ٱلۡعَذَابِۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Гумон мабар касонеро, ки ба корҳои зишт, суханон ва кирдори ботиле, ки анҷом медиҳанд, хушҳол мешаванд. Ва дӯст доранд ба сабаби корҳои хубе, ки анҷом надода ва сухани ҳаққе, ки нагуфтаанд, ситоиш шаванд. Пас онон ҳам кори бад анҷом медиҳанд ва ҳам сухани бадро бар забон меоранд ва ҳам ба он хушҳол мешаванд ва ҳам дӯст доранд ба воситаи кори хубе, ки анҷом надодаанд, мавриди ситоиш қарор гиранд, гумон мабар, ки онҳо аз азоб наҷот ёбанд ва барои онон азобе дарднок аст