Surah Aal-e-Imran Verse 19 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Aal-e-Imranإِنَّ ٱلدِّينَ عِندَ ٱللَّهِ ٱلۡإِسۡلَٰمُۗ وَمَا ٱخۡتَلَفَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلۡعِلۡمُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَإِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ
Ба дурустӣ дине, ки Аллоҳ онро барои худ писандидааст ва ба он паёмбарашро фиристодааст, Ислом аст. Ба ҷуз ислом дигар дин дар пешгоҳи Аллоҳ мақбул нест. Пас аз омадани ҳуҷҷат (омадани расулон ва нозил шудани китобҳо) аҳли китоб аз яхуду насоро миёни худ аз рӯи ҳасад ва саркашӣ бо якдигар ихтилоф карданд. Ва ҳар кас, ки ба оёти Аллоҳ кофир шавад, бидонад, ки Аллоҳ зудшумор аст ба ҳисоби ҳар кас мерасад