Surah Aal-e-Imran Verse 37 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Aal-e-Imranفَتَقَبَّلَهَا رَبُّهَا بِقَبُولٍ حَسَنٖ وَأَنۢبَتَهَا نَبَاتًا حَسَنٗا وَكَفَّلَهَا زَكَرِيَّاۖ كُلَّمَا دَخَلَ عَلَيۡهَا زَكَرِيَّا ٱلۡمِحۡرَابَ وَجَدَ عِندَهَا رِزۡقٗاۖ قَالَ يَٰمَرۡيَمُ أَنَّىٰ لَكِ هَٰذَاۖ قَالَتۡ هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٍ
Пас Парвардигораш дуъояшро қабул кард ва он духтарро ба некӣ аз ӯ пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш дод ва Закариё алайҳиссаломро ба сарпарастии ӯ вобаста кард. Ва ҳар вақт, ки Закариё ба меҳроб назди ӯ мерафт, пеши ӯ хӯрданӣ меёфт. Мегуфт: Эй Марям, инҳо барои ту аз куҷо мерасад? Марям мегуфт: Аз ҷониби Аллоҳ; зеро Ӯ ҳар касро, ки бихоҳад, аз бандагонаш беҳисоб рӯзӣ медиҳад