Surah Al-Ahzab Verse 4 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Ahzabمَّا جَعَلَ ٱللَّهُ لِرَجُلٖ مِّن قَلۡبَيۡنِ فِي جَوۡفِهِۦۚ وَمَا جَعَلَ أَزۡوَٰجَكُمُ ٱلَّـٰٓـِٔي تُظَٰهِرُونَ مِنۡهُنَّ أُمَّهَٰتِكُمۡۚ وَمَا جَعَلَ أَدۡعِيَآءَكُمۡ أَبۡنَآءَكُمۡۚ ذَٰلِكُمۡ قَوۡلُكُم بِأَفۡوَٰهِكُمۡۖ وَٱللَّهُ يَقُولُ ٱلۡحَقَّ وَهُوَ يَهۡدِي ٱلسَّبِيلَ
Аллоҳ барои ҳеҷ кас ду дил дар дарунаш қарор надодааст. Ва Аллоҳ ҳеҷ гоҳ занонатонро, ки бо зиҳор модари худ мехонед, модаронатон қарор надод ва писархондагонатонро фарзандатон насохт, зеро ин ду амал ҳеҷ гоҳ дар таҳрими абадӣ ҳақиқат шуда наметавонад. Инҳо суханонест, ки аз ҳақиқат берун аст, ба забон мегӯед. Ва Аллоҳ ҳақ мегӯяд ва Ӯст, ки барои бандагонаш роҳ менамояд