Surah Al-Ahzab Verse 48 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Ahzabوَلَا تُطِعِ ٱلۡكَٰفِرِينَ وَٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَدَعۡ أَذَىٰهُمۡ وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ وَكِيلٗا
Ва кофирону мунофиқонро итоат макун ва аз озорашон даргузар, то туро аз таблиғи рисолат бознадоранд ва дар ҳамаи кори зиндагиат бар Аллоҳ таваккал кун ва корҳои муҳимро бар Аллоҳ бисупор ва ҳамин кифоя аст, ки Аллоҳ корсоз ва ҳомии банда бошад ва Ӯ осонгардонандаи ҳама корҳост