Surah Saba Verse 39 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Sabaقُلۡ إِنَّ رَبِّي يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦ وَيَقۡدِرُ لَهُۥۚ وَمَآ أَنفَقۡتُم مِّن شَيۡءٖ فَهُوَ يُخۡلِفُهُۥۖ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلرَّـٰزِقِينَ
Эй Расул, барои фирефташудагон ба молу фарзанд бигӯ: «Парвардигори ман ба ҳикмату дониши худ ризқи ҳар кӣ аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё ӯро ба тангӣ меафканад». Ва агар чизе садақа кунед, ивазашро дар охират хоҳад дод ва Ӯ таоло беҳтарини ризқдиҳандагон аст