Surah Fatir Verse 10 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Fatirمَن كَانَ يُرِيدُ ٱلۡعِزَّةَ فَلِلَّهِ ٱلۡعِزَّةُ جَمِيعًاۚ إِلَيۡهِ يَصۡعَدُ ٱلۡكَلِمُ ٱلطَّيِّبُ وَٱلۡعَمَلُ ٱلصَّـٰلِحُ يَرۡفَعُهُۥۚ وَٱلَّذِينَ يَمۡكُرُونَ ٱلسَّيِّـَٔاتِ لَهُمۡ عَذَابٞ شَدِيدٞۖ وَمَكۡرُ أُوْلَـٰٓئِكَ هُوَ يَبُورُ
Ҳар кӣ хоҳони иззат аст, аз Аллоҳ талаб намояд ва бидонад, ки иззат ҳама аз они Аллоҳ аст ва ҷуз бо итоат ва пайравӣ аз Ӯ ба даст намеояд. Сухани хушу пок мисли тиловати Қуръон ва тасбеҳ ва зикри Аллоҳ ба сӯи Ӯ боло меравад ва кирдори нек аст, ки онро боло мебарад. Ва барои он мушрикҳо, ки аз рӯи макр ба фасодкорӣ мепардозанд, азоби сахтест ва макрашон низ аз миён меравад