Surah An-Nisa Verse 135 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah An-Nisa۞يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُواْ قَوَّـٰمِينَ بِٱلۡقِسۡطِ شُهَدَآءَ لِلَّهِ وَلَوۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِكُمۡ أَوِ ٱلۡوَٰلِدَيۡنِ وَٱلۡأَقۡرَبِينَۚ إِن يَكُنۡ غَنِيًّا أَوۡ فَقِيرٗا فَٱللَّهُ أَوۡلَىٰ بِهِمَاۖ فَلَا تَتَّبِعُواْ ٱلۡهَوَىٰٓ أَن تَعۡدِلُواْۚ وَإِن تَلۡوُۥٓاْ أَوۡ تُعۡرِضُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٗا
Эй касоне, ки имон овардед, барподорандаи адл бошед ва барои Аллоҳ шаҳодат диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо, чӣ тавонгар ва чӣ тангдаст бошанд. Зеро Аллоҳ бар он ду (сарватманду камбағал) сазовортар (меҳрубонтар) аст. Пас аз хоҳишҳои нафс пайравӣ макунед, то аз адл рӯй гардонед. Чун дигар кунед суханро (яъне, нодуруст гувоҳӣ диҳед) ё аз он шаҳодат рӯй тобед, Аллоҳ ба ҳар чӣ мекунед, (ошкору пинҳон) огоҳ аст