Surah An-Nisa Verse 141 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah An-Nisaٱلَّذِينَ يَتَرَبَّصُونَ بِكُمۡ فَإِن كَانَ لَكُمۡ فَتۡحٞ مِّنَ ٱللَّهِ قَالُوٓاْ أَلَمۡ نَكُن مَّعَكُمۡ وَإِن كَانَ لِلۡكَٰفِرِينَ نَصِيبٞ قَالُوٓاْ أَلَمۡ نَسۡتَحۡوِذۡ عَلَيۡكُمۡ وَنَمۡنَعۡكُم مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَۚ فَٱللَّهُ يَحۡكُمُ بَيۡنَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ وَلَن يَجۡعَلَ ٱللَّهُ لِلۡكَٰفِرِينَ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ سَبِيلًا
Он мунофиқоне, ки ҳамеша интизори чигунагии аҳволи шумо ҳастанд, пас агар аз ҷониби Аллоҳ пирӯзӣ насибатон шавад, мегӯянд: «Магар мо ҳамроҳи шумо набудем?» (То аз пулу моли ғанимат баҳраманд шаванд). Ва агар пирӯзӣ насиби кофирон шавад, мегӯянд: «Оё на чунон буд, ки ба шумо ёрӣ расонда будем ва мӯъминонро аз осеб расонидан ба шумо боздоштем?» Дар рӯзи қиёмат Аллоҳ миёни шумо ҳукм мекунад ва Ӯ ҳаргиз барои кофирон ба зиёни мусалмонон роҳе накушодааст. (Яъне, ҳаргиз кофиронро бар мусалмонон пирӯз нахоҳад кард)