Surah An-Nisa Verse 16 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah An-Nisaوَٱلَّذَانِ يَأۡتِيَٰنِهَا مِنكُمۡ فَـَٔاذُوهُمَاۖ فَإِن تَابَا وَأَصۡلَحَا فَأَعۡرِضُواْ عَنۡهُمَآۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ تَوَّابٗا رَّحِيمًا
Ҳамчунин мардон ва занони шумо, ки муртакиби зино мешаванд, онҳоро сарзаниш ва айбҷӯӣ кунед ва бо амали задане, ки аз ин амали зишт бозашон дорад, биёзоред. (Бинобар ин ҳаргоҳ мардон муртакиби зино шаванд, мавриди азият ва озор қарор мегиранд ва занон зиндонӣ ва азият мешаванд. Пас зиндонӣ кардан, то замони фаро расидани марг аст ва озор расондан, то вақтест, ки фард тавба кунад ва ба ислоҳи худ бипардозад. Бинобар ин фармуд:) Ва агар тавба карданд ва ба ислоҳ пардохтанд, онҳоро раҳо кунед, ҳамоно Аллоҳ тавбапазиру меҳрубон аст