Surah An-Nisa Verse 173 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah An-Nisaفَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فَيُوَفِّيهِمۡ أُجُورَهُمۡ وَيَزِيدُهُم مِّن فَضۡلِهِۦۖ وَأَمَّا ٱلَّذِينَ ٱسۡتَنكَفُواْ وَٱسۡتَكۡبَرُواْ فَيُعَذِّبُهُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا وَلَا يَجِدُونَ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ وَلِيّٗا وَلَا نَصِيرٗا
Аммо онон, ки имон овардаанд ба ягонагии Аллоҳ ва корҳои нек кардаанд, ҳаққи Аллоҳ ва ҳаққи бандагонро ба ҷо оварданд, Аллоҳ аҷрашонро ба пуррагӣ хоҳад дод ва аз бузургии худ бар онон хоҳад афзуд. Аммо касонеро, ки ибову саркашӣ кардаанд, ба азобе дардовар азоб хоҳад кард ва барои худ ҷуз маъбуди барҳақ ҳеҷ дӯсте намеёбанд, ки ононро аз азоби Аллоҳ бираҳонад ва ҳеҷ ёридиҳандае ҳам намеёбанд, ки аз онон тарафдорӣ кунад