Surah An-Nisa Verse 38 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah An-Nisaوَٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ رِئَآءَ ٱلنَّاسِ وَلَا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَلَا بِٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۗ وَمَن يَكُنِ ٱلشَّيۡطَٰنُ لَهُۥ قَرِينٗا فَسَآءَ قَرِينٗا
Ва касоне, ки молҳояшонро барои он хайр кунанд, ки мардум онҳоро бубинанд ва ситоиш кунанд ва онҳоро таъзим намоянд ва хайр ва бахшиши онҳо аз ихлос ва имони ба Аллоҳ ва умед ба подоши Ӯ сарчашма нагирифтааст, пас ин роҳи шайтон ва кори ӯст, ки гурӯҳи худро ба сӯи он даъват мекунад, то аз аҳли ҷаҳаннам шавад. Ва ҳар кас, ки шайтон ҳамроҳи ӯ бошад, бисёр ҳамроҳ ва ҳамдами баде аст, зеро мехоҳад вайро ҳалок кунад