Surah An-Nisa Verse 54 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah An-Nisaأَمۡ يَحۡسُدُونَ ٱلنَّاسَ عَلَىٰ مَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦۖ فَقَدۡ ءَاتَيۡنَآ ءَالَ إِبۡرَٰهِيمَ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَءَاتَيۡنَٰهُم مُّلۡكًا عَظِيمٗا
Оё фаҳмиши суханашон ин аст, ки онҳо шарики Аллоҳ ҳастанд ва ҳар касро ки бихоҳанд ба ӯ бузургӣ медиҳанд ва фазл ва аторо ба ӯ мебахшанд? Ё ҳасад варзиданд ба Паёмбар ва мӯъминон бар он чи ки Аллоҳ аз фазли худ ба онон додааст? Ва он неъматҳое аз қабили паёмбарӣ ва китоб аст, ки Аллоҳ бар Иброҳим ва фарзандонаш арзонӣ дошт ва мулк ва подшоҳие аст, ки ба баъзе аз паёмбаронаш (монанди Довуд ва Сулаймон) бахшид. (Пас онҳо чи гуна неъматеро, ки Аллоҳ аз паёмбарӣ ва пирӯзӣ ба Муҳаммад додааст, инкор мекунанд)