Surah An-Nisa Verse 69 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah An-Nisaوَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ فَأُوْلَـٰٓئِكَ مَعَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ وَٱلصِّدِّيقِينَ وَٱلشُّهَدَآءِ وَٱلصَّـٰلِحِينَۚ وَحَسُنَ أُوْلَـٰٓئِكَ رَفِيقٗا
Ва ҳар кас фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо овард ва ба роҳнамудаи Паёмбари Аллоҳ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амал намуд, пас онҳо ҳамнишини касоне хоҳанд буд, ки Аллоҳ ба онҳо неъмат додааст аз паёмбарон ва сиддиқон, ва шаҳидон, ва солеҳони мӯъминон, ки Аллоҳ зоҳир ва ботинашонро ислоҳ намудааст. Ва инҳо чи хуб дӯстоне ҳастанд, ки бо онҳо дар боғҳои биҳишт ҷамъ шуда ҳаёт ба сар мебаранд