Surah Fussilat Verse 37 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Fussilatوَمِنۡ ءَايَٰتِهِ ٱلَّيۡلُ وَٱلنَّهَارُ وَٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُۚ لَا تَسۡجُدُواْ لِلشَّمۡسِ وَلَا لِلۡقَمَرِ وَٱسۡجُدُواْۤ لِلَّهِۤ ٱلَّذِي خَلَقَهُنَّ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ
Ва аз нишонаҳои қудрат ва ягонагии Ӯ пайи ҳам омадани шабу рӯз ва офтобу моҳ аст. Ба офтобу моҳ саҷда макунед, ки онҳо махлуқанд. Ва ба Аллоҳи барҳақ, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед, агар хос Ӯро итоъат мекунед ва мепарастед