Surah Fussilat Verse 47 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Fussilat۞إِلَيۡهِ يُرَدُّ عِلۡمُ ٱلسَّاعَةِۚ وَمَا تَخۡرُجُ مِن ثَمَرَٰتٖ مِّنۡ أَكۡمَامِهَا وَمَا تَحۡمِلُ مِنۡ أُنثَىٰ وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلۡمِهِۦۚ وَيَوۡمَ يُنَادِيهِمۡ أَيۡنَ شُرَكَآءِي قَالُوٓاْ ءَاذَنَّـٰكَ مَامِنَّا مِن شَهِيدٖ
Сӯӣ Аллоҳи ягона бармегардад илми вуқӯъи қиёмат (яъне, соати барпошавии қиёматро танҳо Аллоҳ медонад). Ва ҳеҷ мевае аз ғилофи хеш берун намеояд ва ҳеҷ модае ҳомила намешаваду намезояд, магар он ки Ӯ таъоло ба он огоҳ аст. Ва рӯзи қиёмат, ки Аллоҳ мушриконро нидо диҳад, ки шарикони Ман куҷоянд? Гӯянд: «Огоҳат кардем, ки нест ҳеҷ касе аз мо хувоҳӣ диҳад, ки Ту бо худ шарике дорй ва имрӯз мо ҳама яктопараст ҳастем