Surah Ash-Shura Verse 13 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Ash-Shura۞شَرَعَ لَكُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا وَصَّىٰ بِهِۦ نُوحٗا وَٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ وَمَا وَصَّيۡنَا بِهِۦٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَمُوسَىٰ وَعِيسَىٰٓۖ أَنۡ أَقِيمُواْ ٱلدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُواْ فِيهِۚ كَبُرَ عَلَى ٱلۡمُشۡرِكِينَ مَا تَدۡعُوهُمۡ إِلَيۡهِۚ ٱللَّهُ يَجۡتَبِيٓ إِلَيۡهِ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِيٓ إِلَيۡهِ مَن يُنِيبُ
Эй мардум! Аллоҳ барои шумо дину ойине муқаррар кард ва он дини Ислом аст ҳамон гунае, ки ба Нӯҳ васият карда буд, ки ба он амал намоянд ва ба мардум расонанд ва аз он чӣ бар ту эй Расул ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Мӯсо ва Исо васият кардаем, ки динро бар тавҳид ва тоъати Аллоҳ барпой нигаҳ доред ва дар он хурӯҳ-гурӯҳ нашавед. Душвор омад бар мушрикон он чӣ онҳоро ба он даъват мекунӣ; аз ягонагии Аллоҳ ва ихлос дар ибодаташ. Аллоҳ ҳар киро бихоҳад, барои пайғамбарии худ ихтиёр менамояд ва ҳар касро, ки рӯй ба даргоҳи Ӯ оварад, ба сӯйи Худ роҳ менамояд