Surah Al-Mujadila Verse 11 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Mujadilaيَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا قِيلَ لَكُمۡ تَفَسَّحُواْ فِي ٱلۡمَجَٰلِسِ فَٱفۡسَحُواْ يَفۡسَحِ ٱللَّهُ لَكُمۡۖ وَإِذَا قِيلَ ٱنشُزُواْ فَٱنشُزُواْ يَرۡفَعِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡ وَٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ دَرَجَٰتٖۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ
Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, чун шуморо гӯянд, дар маҷлисҳо ҷой васеъ кунед, пас ҷой васеъ кунед, то Аллоҳ дар дунёву охират барои шумо васеъ кунад. Ва чун гӯянд, ки бархезед, бархезед. Аллоҳ онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки ахли илм мебошанд ба дараҷаҳои баланди савоб ва мартабаҳои ризвон бардорад ва Аллоҳ таъоло ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст. Аз Ӯ чизе махфӣ намемонад ва мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад