Surah Al-Anaam Verse 100 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Anaamوَجَعَلُواْ لِلَّهِ شُرَكَآءَ ٱلۡجِنَّ وَخَلَقَهُمۡۖ وَخَرَقُواْ لَهُۥ بَنِينَ وَبَنَٰتِۭ بِغَيۡرِ عِلۡمٖۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يَصِفُونَ
Мушрикон дар ибодат карданашон барои Аллоҳ шариконе аз ҷин қарор доданд ва эътиқодашон ин буд, ки онҳо нафъ ё зараре расонда метавонанд ва ҳол он ки ҷинро Аллоҳ офаридааст. Аллоҳ, ки дар офариниши махлуқоташ касеро шарик нагирифт, инчунин дар ибодаташ касеро бо худ шарик муқаррар насохт. Ва аз рӯи нодонӣ барои Ӯ писарону духтарон нисбат доданд. Ӯ пок аст ва болотар аст аз он чӣ васфаш мекунанд