Surah Al-Anaam Verse 105 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Anaamوَكَذَٰلِكَ نُصَرِّفُ ٱلۡأٓيَٰتِ وَلِيَقُولُواْ دَرَسۡتَ وَلِنُبَيِّنَهُۥ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ
(Ва чунон ки дар ин Қуръон баён кардем, барои мушрикон) нишонаҳо ва ҳуҷҷатҳои худро дар амри тавҳид ва нубувват ва ҳам чунин нишонаҳоро барои онҳо гуногун баён мекунем (дар ҳар чизе ки намедонистанд,) то нашавад, бигӯянд, ки аз касе дарс гирифтаӣ ва Мо ин оётро барои аҳли дониш баён мекунем, ки онро қабул мекунанд ва пайрави он мешаванд. (Ва онон касонеанд, ки бо Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва он чи бар ӯ нозил шуда имон овардагонанд)