Surah Al-Anaam Verse 157 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Anaamأَوۡ تَقُولُواْ لَوۡ أَنَّآ أُنزِلَ عَلَيۡنَا ٱلۡكِتَٰبُ لَكُنَّآ أَهۡدَىٰ مِنۡهُمۡۚ فَقَدۡ جَآءَكُم بَيِّنَةٞ مِّن رَّبِّكُمۡ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٞۚ فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن كَذَّبَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَصَدَفَ عَنۡهَاۗ سَنَجۡزِي ٱلَّذِينَ يَصۡدِفُونَ عَنۡ ءَايَٰتِنَا سُوٓءَ ٱلۡعَذَابِ بِمَا كَانُواْ يَصۡدِفُونَ
Ё нагӯед (эй мушрикон), ки агар бар мо низ китоб нозил мешуд, (чунон ки бар яҳуду насоро нозил шуд), беҳтар аз онон ба роҳи ҳидоят мерафтем. Ҳамоно бар шумо низ аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан ва ҳидоят ба сӯи ҳақ раҳмат ба уммат фаро расид. Ва кист ситамгортар аз касе, ки оёти Аллоҳро дурӯғ пиндорад ва аз онҳо рӯй бигардонад? Ба зудӣ касонеро, ки аз оёти Мо рӯй мегардонанд, ба сабаби ин рӯйгардониашон аз оёти Мо, дар оташи ҷаҳаннам ба азоби бад ҷазо хоҳем дод