Surah Al-Anaam Verse 19 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Anaamقُلۡ أَيُّ شَيۡءٍ أَكۡبَرُ شَهَٰدَةٗۖ قُلِ ٱللَّهُۖ شَهِيدُۢ بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡۚ وَأُوحِيَ إِلَيَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانُ لِأُنذِرَكُم بِهِۦ وَمَنۢ بَلَغَۚ أَئِنَّكُمۡ لَتَشۡهَدُونَ أَنَّ مَعَ ٱللَّهِ ءَالِهَةً أُخۡرَىٰۚ قُل لَّآ أَشۡهَدُۚ قُلۡ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ وَإِنَّنِي بَرِيٓءٞ مِّمَّا تُشۡرِكُونَ
Бигӯ: (эй Паёмбар) «Чи чиз бузургтару бартар аст дар боби шаҳодат?» Бигӯ: «Аллоҳ миёни ману шумо гувоҳ аст бар он чи мегӯям. Ва ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то шуморо ва ҳар касро, (ки ба ӯ аз Арабу Аҷам Қуръон бирасад,) бим ба азоби охират диҳам. Оё шаҳодат медиҳед, ки бо Аллоҳ маъбудони дигаре ҳам ҳастанд?» Бигӯ: эй Паёмбар «Ман шаҳодат намедиҳам». Бигӯ: «Ҳамоно, ки Ӯ Аллоҳест якто ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, безорам!»